“Сомон Эйр” дигар ба мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Маскав хӯрок намедиҳад

Сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки дар ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” дигар ба мусофирон хӯроки гарм намедиҳанд. Мо кӯшиш кардем, ки ба ин масъала каме равшанӣ андозем. Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки мувофиқи Дастури нав оид ба таъмин бо хӯрок дар ҳавопаймо, ки аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди […]

Сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки дар ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” дигар ба мусофирон хӯроки гарм намедиҳанд. Мо кӯшиш кардем, ки ба ин масъала каме равшанӣ андозем.

Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки мувофиқи Дастури нав оид ба таъмин бо хӯрок дар ҳавопаймо, ки аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст, ширкат ба таркиби хӯрок дар доихли ҳавопамйо каме тасҳеҳот ворид намуд.

“Тибқи муқаррароти Дастури зикршуда ва дигар санадҳои байнулмилалии меъёрӣ, хӯроки гарм ба мусофирони хатсайри муҳлати парвозаш беш аз 3 соат, ҳамчунин мусофирони дараҷаи тиҷоратӣ сарфи назар аз самти парвоз дода мешавад”, – гуфтанд дар ширкат.

Ба гуфтаи онҳо, дар хатсайрҳои муҳлати парвозашон то 3 соат ба мусофирон сендвичу кекс ва нӯшокиҳо дода мешавад.

“Бо хӯроки гарм таъмин накардан ба арзиши парвоз таъсир мерасонад. Масалан, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта айни замон дар баъзе самтҳо поинравии арзиши парвоз ба андозаи 12% ба мушоҳида мерасад, ки маҳз ба мавҷуд набудани таъминот бо хӯроки гарм вобаста аст”, – изҳор доштанд дар ширкат.

Қоибли зикр аст, ки вақти парвоз аз Душанбе ба Маскав 4,5 соат давом карда, ба гумони ғолиб, аз 3 соат зиёдтар аст ва мантиқан бояд ба мусофирони ин хатсайр хӯроки гарм пешниҳод шавад. Шарҳи ин масъаларо дар ширкат рад карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.