Ҳукумати ИМА ба толибилмони мактабҳои Ваҳдат китоб тақдим кард

Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамроҳии Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) Латофат Назирӣ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои […]

Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамроҳии Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) Латофат Назирӣ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҶТ сурат мегирад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайқал додани малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи USAID таҳти унвони «Ҳамроҳ бихонем» амалӣ мегардад. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барномаи фарогирандаест, ки дар доираи он 13 532 омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таълим мегиранд ва дастрасии бештар ба маводи хонишӣ барои 281 451 хонандаагони синфҳои ибтидоӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур мудирони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон ва ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии зиёда аз 1000 мактаб дар саросари кишвар аллакай таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, ба муассисаҳои таълимии мазкур зиёда аз 140 000 китоби ба синну соли хонандагон мутобиқбуда бо забони модарӣ тақдим карда шуданд.

Дар доираи ин лоиҳа тақдими китобҳо ва маводи таълимию методии инноватсионӣ ба муассисаҳои таълимии интихобшуда идома хоҳад ёфт. Дар давоми ду соли оянда, чорабиниҳои ба ин монанд, иловатан дар 1800 муассисаи таълимиии дигар роҳандозӣ мешаванд.

USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорат ба тасвиб расонида шудаанд.

Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» яке аз лоиҳаҳои сершумори кумакрасон мебошад, ки амалисозии он бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гардидааст. Дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.