Зинаи аввали Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи афзоиши шумори сайёҳон

Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба «Спутник», аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар […]

Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба «Спутник», аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.

Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 20 кишвари аз ҳама сафари сайёҳиашон бештарро дар раддабандӣ муаррифӣ намудааст. Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷойгиранд.

Зимнан зикр мегардад, ки Россия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Россия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода чанде қабл хабар дод, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, минбаъд шумори сайёҳони хориҷӣ тадриҷан меафзояд.

Соли 2018, тибқи маълумоти Кумита, 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2017) 2,6 баробар зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.