Таъсиси долони иқтисодӣ байни Хуҷанду Тошканд ва Чимкент

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои арзёбии имконоти рушди долони иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 800 ҳазор доллар кумаки техникӣ пешниҳод мекунад. Ташаббуси таъсиси долони нави иқтисодӣ байни шаҳрҳои Чимкенту Тошканд ва Хуҷанд ва вилоятҳои ҳамшафат ба густариши ҷараёни додугирифт ва  ҳамгиройии иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии нашркардаи […]

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои арзёбии имконоти рушди долони иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 800 ҳазор доллар кумаки техникӣ пешниҳод мекунад.

Ташаббуси таъсиси долони нави иқтисодӣ байни шаҳрҳои Чимкенту Тошканд ва Хуҷанд ва вилоятҳои ҳамшафат ба густариши ҷараёни додугирифт ва  ҳамгиройии иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии нашркардаи Бонки осиёгии рушд.

Қайд мешавад, ки шаҳрҳои Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд ва вилоятҳои ҳамшафати Туркистон, Тошканд ва Суғд ба сифати долони имконпазири иқтисодӣ дар доираи барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) баррасӣ мешаванд.

“Се шаҳр ва вилоятҳои ҳамшафат дар дастрасии осон барои ҳамдигар қарор доранд. Дар онҳо аҳолии зиёд – тақрибан 15% аз шумори умумии аҳолии минтақа дар вилоятҳои Туркистон, Тошканд ва Суғд зиндагӣ карда, ҳамчунин онҳо аз лиҳози стратегӣ бо бозорҳои байнулмилалӣ пайвастанд”, – омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ин се шаҳр ва вилоятҳои ҳамшафат аз нигоҳи иқтисодӣ, бахусус дар бахши кишоварзиву маҳсулоти хӯрокворӣ якдигарро мукаммал сохта, ғайр аз ин, байни онҳо табодули осони фаромарзии қувваи корӣ вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа дар муддати се сол пешбинӣ гардида, дар посух ба дархости кишварҳои узви барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) оид ба омӯзиши рушди долони нави иқтисодӣ баҳри муҳайё сохтани имконот барои рушди тиҷорат ва афзоиши ҷойҳои корӣ таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.