Алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад

Ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аз ҳафтаи оянда ба анҷом додани парвозҳо тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад шурӯъ мекунад. Парвозҳои мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз 6 июни ҳамин сол барқарор карда мешаванд, хабар медиҳад агентии давлатии иттилооти Эрон IRNA. Гуфта мешавад, парвози нахустин тариқи ин хатсайр аз Тоҷикистон ба Эрон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh бо […]

Ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аз ҳафтаи оянда ба анҷом додани парвозҳо тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад шурӯъ мекунад.

Парвозҳои мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз 6 июни ҳамин сол барқарор карда мешаванд, хабар медиҳад агентии давлатии иттилооти Эрон IRNA.

Гуфта мешавад, парвози нахустин тариқи ин хатсайр аз Тоҷикистон ба Эрон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh бо ҳавопайои Boeing 737-500, ки дорои 120 нафар ҷойи нишаст барои мусофирон аст, сурат мегирад.

Муовини сардори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода қайд кардааст, ки тамоми ҳуҷҷаатҳои заруриро аз ҷониби мақомоти авиатсияи граждании Эрон гирифтаанд.

“Ба ширкати ҳавопаймоии Varesh Airlines барои иҷрои парвозҳои мусофиркашонӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Машҳад (воқеъ дар минтақаи шимолу шарқи Эрон) иҷоза дода шуд”, – хабар додааст ӯ.

Парвозҳо бо хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад як маротиба дар як ҳафта анҷом дода шуда, арзиши билет ба як самт 250 долларро ташкил медиҳад.

Ширкати хусусии ҳавопаймоии Varesh Airlines соли 2018 таъсис ёфта, нахустин парвозашро 9 октябри соли гузашта аз шаҳри Теҳрон ба Сари – пойтахти музофоти Мозандарони Эрон анҷом додааст.

Қаблан парвоз тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро ширкати ҳавопаймоии эронии Asseman Airlines иҷро мекард, ки аз моҳи октябри соли гузашта парвозҳояшро бо ин самт бинобар сабаби “мушкилоти иқтисодӣ” қатъ кард, менависад IRNA.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.