Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон то 13,25% поин рафт

Бонкии миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1,5 банди фоизӣ паст намуда, дар сатҳи 13,5 фоизи солона муқаррар кард. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намоя (индекс)-и қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки меъёри бозтамвил […]

Бонкии миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1,5 банди фоизӣ паст намуда, дар сатҳи 13,5 фоизи солона муқаррар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намоя (индекс)-и қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад.

Таъкид мешавад, ки меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Қобили зикр аст, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 тағйир ёфта, аз 16% то 14,75% поин рафта буд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ меъёри бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.