“Сомон Эйр” хӯрокдиҳӣ дар ҳавопайморо қатъ карда, лекин нархҳоро поин набурд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” изҳор дошта буд, ки ба хотири арзон кардани билет арзиши онро 12 фоиз поин мебарад. Дар ҳавопаймо дигар хӯрок намедиҳанд, лекин нархи билет, ба гунаи мисол дар хатсайри Душанбе – Маскав мисли пешин боқӣ мондааст. То моҳи майи соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоӣ мусофирони ин хатсайрро бо хӯроки гарм таъмин мекард. “Тибқи […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” изҳор дошта буд, ки ба хотири арзон кардани билет арзиши онро 12 фоиз поин мебарад. Дар ҳавопаймо дигар хӯрок намедиҳанд, лекин нархи билет, ба гунаи мисол дар хатсайри Душанбе – Маскав мисли пешин боқӣ мондааст.

То моҳи майи соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоӣ мусофирони ин хатсайрро бо хӯроки гарм таъмин мекард.

“Тибқи муқаррарот ва дигар санадҳои байнулмилалии меъёрӣ, хӯроки гарм ба мусофирони хатсайри муҳлати парвозаш беш аз 3 соат, ҳамчунин мусофирони дараҷаи тиҷоратӣ сарфи назар аз самти парвоз дода мешавад”, – гуфта буданд дар ширкат.

Санаи 31 май дар “Сомон Эйр” қайд карданд, ки арзиши парвозҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гӯё ба андозаи 12% поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тарифҳо соли гузашта баръакс – ба андозаи 6,4 фоиз боло рафта, нархи сафар тариқи нақлиёти ҳавоӣ давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳатто 54,7% афзуд.

Мо ҳамаи хатсайрҳои ширкатро, ки поинравии нархҳо дар он ваъда дода шуд (хатсайрҳое, ки бо қарори онҳо хӯроки гарм дода намешавад, – эзоҳи идора), насанҷидем, лекин нархи билетҳои “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе – Маскав, ки муҳоҷирони корӣ асосан аз он истифода мебаранд, аз оғози моҳи ҷорӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Маскав имрӯз, 10 июн дар сомонаи ширкат чун дар аввали моҳи ҷорӣ “аз 188 доллар” зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки нархи билет дар ҳамон як хатсайр ба дар кадом вақт харидорӣ кардани билет аз ҷониби мусофир вобаста аст: чӣ қадр барвақттар то парвоз гирифта шавад, ҳамон қадар арзон ва баръакс.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.