«Азия-Плюс» рӯзноманигорони маҳаллиро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби журналистони маҳаллӣ (ҷамъиятӣ)-ро аз вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт эълон мекунад. Барои рӯзноманигори маҳаллӣ будан лозим нест, ки шумо бояд ҳатман дар расонаҳо таҷрибаи корӣ ё маълумоти дахлдори рӯзноманигорӣ дошта бошед. Мо касонеро ҷустуҷӯ дорем, ки ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон бетараф нестанд ва мехоҳанд, ки […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби журналистони маҳаллӣ (ҷамъиятӣ)-ро аз вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт эълон мекунад.

Барои рӯзноманигори маҳаллӣ будан лозим нест, ки шумо бояд ҳатман дар расонаҳо таҷрибаи корӣ ё маълумоти дахлдори рӯзноманигорӣ дошта бошед. Мо касонеро ҷустуҷӯ дорем, ки ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон бетараф нестанд ва мехоҳанд, ки дар бораи одамон ва рӯйдодҳо дар минтақаи худ ба саросари кишвар маълумот пешниҳод карда тавонанд.

Номзадҳо ба мавқеи рӯзноманигори маҳаллӣ бар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Пас аз интихоб номзадҳо аз давраи омӯзишии инфиродии онлайн гузашта, малакаҳои зеринро касб мекунанд:

– Асосҳои журналистика;

– Қобилияти дарёфти хабару рӯйдодҳои шавқовар;

– Дастрас кардани маълумот дар бораи боз хеле зиёд хабару рӯйдодҳо.

Пас аз гузаштан аз давраи омӯзиши онлайн рӯзноманигорони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо ҳайати муҳаррирон ба кор пардохта, барои ҳар як маводи таҳиякардаашон ҳақмузди дахлдор мегиранд.

Барои иштирок дар озмун шуморо лозим аст, ки CV (ҳолнома)-и худро ба таври озод ва чанде аз ақида ва мавзӯъҳои маводи ояндаатонро ба нишонии почтаи [email protected] ирсол намоед. Дар мавзӯи мактуб зикри “Журналисти маҳаллӣ” зарур аст.

Лоиҳа бо дастгирии Internews дар доираи барномаи расонаҳои CAMP дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.