Пойтахти Туркманистон гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ арзёбӣ шуд

Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ашқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри дунё аст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши созмони мазкур омадааст, гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ пойтахти Туркманистон аст. Дар арзёбиҳои созмон Ашқобод соли гузашта дар мақоми 111 қарор дошт, аммо имсол ба мақоми 110 фаромадааст. "Мақоми Ашқобод мумкин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ашқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри дунё аст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши созмони мазкур омадааст, гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ пойтахти Туркманистон аст. Дар арзёбиҳои созмон Ашқобод соли гузашта дар мақоми 111 қарор дошт, аммо имсол ба мақоми 110 фаромадааст.

"Мақоми Ашқобод мумкин аст, барои баъзеҳо тааҷҷубовар бошад, аммо касоне ба ин вазъ ошно ҳастанд, ки вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти бозори арзи Туркманистонро медонанд. Болоравии мунтазами сатҳи таваррум дар ҳамоҳангӣ бо бозори сиёҳи асъори хориҷӣ, гароншавии арзиши воридот маънои онро дорад, ки харҷи меҳмонони пойтахти Туркманистон бештар шудааст", – шарҳ додааст Стивен Килфеддер, як намояндаи созмони ECA International.

Гуфта мешавад, дар даҳгонаи шаҳрҳои гаронтарин баъд аз Ашқобод пайи ҳам Сюрих, Женева, Базел, Берн, Гонконг, Токио, Сеул, Тел-Авив ва Шанхай шомил шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.