Гумонбарии мансабдори комиссариати ҳарбии Суғд ба қаллобӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Рустамҷон Ғойибовро ба гумони даст доштан ба қаллобӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтури Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд И.Дониёров бо ваъдаи озод намудани […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Рустамҷон Ғойибовро ба гумони даст доштан ба қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтури Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд И.Дониёров бо ваъдаи озод намудани ҷавони маҳаллӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ду ҳолат аз ӯ 700 доллари ИМа ва 400 сомонӣ маблағ гирифтаанд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Ғойибов Р.Б. ва Дониёров И.А. бо моддаи 247 КҶ ҶТоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи  ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.