Шарҳи ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев аз ҷониби собиқ президенти Қирғизистон

Date:

Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отунбоева имрӯз гуфтааст, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чӣ гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чӣ гуна вакилонро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор сохтанд ва бидуни ризоияти порлумон ҳабс намуданд".

"Тақрибан ҳамаи талабҳо дар мавриди парокандасозии порлумон ба он хотир садо медоданд, ки миёни шохаи қонунгузорро шикананд ва онро мутеи президент гардонанд. Ҳамаи ин ба тарсу шудани порлумон оварда расонад", – гуфтааст Отунбоева.

Гуфта мешавад, Отунбоева ҳамзамон аз он изҳори таассуф кардааст, ки додситонии кул "ҳанӯз" таъқибҳо ва фишорҳои замони президентии Отамбоевро тафтишу тасдиқ накардааст.

Қобили зикр аст, ки порлумони он кишвар рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президентии пешин маҳрум кард. Ин тасмим ба мақомоти қудратӣ иҷозат медиҳад, ки Отамбоевро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Алмосбек Отамбоев бовар дорад, ҳукумати кунунии кишвараш ба ин тартиб мехоҳад, рақиби сиёсиашро маҳв созад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...