Вазорати адлия: заҳролудшавӣ аз нон ва фавти 14 маҳбус

Тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занонанд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд. Қатори автомашинаҳо таҳти назорату посбонии ҳамаҷониба нимаи рӯзи 7 июл аз шаҳри Хуҷанд ба сафар баромада, соати […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занонанд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Қатори автомашинаҳо таҳти назорату посбонии ҳамаҷониба нимаи рӯзи 7 июл аз шаҳри Хуҷанд ба сафар баромада, соати 18:20 дақиқаи бегоҳ ба Душанбе мерасанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд.

Дар маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст, гуфта мешавад, дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст.

“Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли  имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 14 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 114 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.

Оид ба ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф  ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд. Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Руйхати маҳбусони фавтида:

1. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т.10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.

2. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т.16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.

3. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.

4. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.

5. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.

6. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т.13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.

7. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.

8. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.

9. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.

10. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.

11. Ҳайдаров Некрўз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.

12. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён.

13. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.

14. Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.