Ғолиби “Муҳорибаи экстрасенсҳо” роҳи зодгоҳашро асфалтпӯш мекунад

Турсуной Зокирова, ки бо иштирок ва пирӯзиаш дар барномаи телевизионии “Муҳорибаи эксрасенҳо” байни ҷомеа маъруф аст, тасмим гирифт, ки роҳи кӯчаеро дар зодгоҳаш – шаҳри Гулистон таъмиру навсозӣ намояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон чанде пеш бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим […]

Asia-Plus

Турсуной Зокирова, ки бо иштирок ва пирӯзиаш дар барномаи телевизионии “Муҳорибаи эксрасенҳо” байни ҷомеа маъруф аст, тасмим гирифт, ки роҳи кӯчаеро дар зодгоҳаш – шаҳри Гулистон таъмиру навсозӣ намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон чанде пеш бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий оғоз ёфт.

Гуфта мешавад иқдоми мумфаршсозии кӯчаи ба номи Максим Горкий бо ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова сурат мегирад.

Ёдрас мешавад, ки шуд, ки мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад.

Зикр мегардад, ки дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст. Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда 5 000,0м2 дар бар мегирад.

Ин нахустин ташаббуси Турсуной Зокирова нест. Моҳи марти соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

 

Бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, соҳибкорзан иттилоъ дод, ки 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.