Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи ду судяи Суди конститутсиониро ба парлумон пешниҳод кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумони кишвар оид ба бозхонди Асрор Шарифзода аз вазифаи судяи Суди олӣ ва ба палатаи поёнии парлумон дар мавриди бозхонди Ҷамшед Ҷамшедзода аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан пешниҳодҳо манзур намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумони кишвар оид ба бозхонди Асрор Шарифзода аз вазифаи судяи Суди олӣ ва ба палатаи поёнии парлумон дар мавриди бозхонди Ҷамшед Ҷамшедзода аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан пешниҳодҳо манзур намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи номзадии онҳоро ба вазифаи судяҳои Суди конститутсионии кишвар пешниҳод кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар дод, пагоҳ, 11 июл зимни иҷлосияи навбатӣ вакилони палатаи болои парлумон ин пешниҳодҳои Сарвари давлатро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти ҷумҳурӣ дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва намояндагии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин яке аз муовинони раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод шуда, Зайнура Азимӣ муовини раиси вилоят таъин гардид. То таъинот ба ин мансаб Зайнура Азимӣ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.