Довталабони тоҷик бештар ҷарроҳу педиатр шудан мехоҳанд

Дар Тоҷикистон маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ ҷараён дорад. Имсол мактабро беш аз 120 ҳазор нафар хатм карда, 102 ҳазор нафари онҳо, яъне қариб ҳамаашон таҳсилро идома доданианд. Лекин дар макотиби оливу коллеҷҳо ҳамагӣ 70 ҳазор ҷойи таҳсил вуҷуд дорад. Кӯшиши зиёд мебояд ба харҷ дод. Замира Абдусаломзода, сармутахассиси дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ихтисосҳо ба […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ ҷараён дорад. Имсол мактабро беш аз 120 ҳазор нафар хатм карда, 102 ҳазор нафари онҳо, яъне қариб ҳамаашон таҳсилро идома доданианд. Лекин дар макотиби оливу коллеҷҳо ҳамагӣ 70 ҳазор ҷойи таҳсил вуҷуд дорад. Кӯшиши зиёд мебояд ба харҷ дод.

Замира Абдусаломзода, сармутахассиси дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ихтисосҳо ба панҷ кластер – гурӯҳи касбу ихтисосҳо тақсим шуда, кластери аввал – “Илмҳои табиӣ ва техникӣ ва кластери дуюм – “Иқтисод ва ҷуғрофия” мебошад.

“Имсол дар интихоби касбҳо аз ҷониби довталабон каме тағйирот ба мушоҳида расида, агар солҳои пешин бештар кластери аввалро интихоб мекарданд, пас имсол баръакс аст”, – изҳор намуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки кластери панҷум – “Тиб, биология ва варзиш” писандидатарини кластери довталабон боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.