ТИКА дар деҳаи Арбобхотун маркази нави тиббӣ сохт

Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА) ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амаликардааш дар соҳаи тандурустӣ боз як лоиҳаи дигар илова намуд. Дар доираи “Барномаи дастгирии солимии модару кӯдак дар ноҳияҳои деҳот” дар Маркази солимии деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуд. Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии […]

Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА) ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амаликардааш дар соҳаи тандурустӣ боз як лоиҳаи дигар илова намуд. Дар доираи “Барномаи дастгирии солимии модару кӯдак дар ноҳияҳои деҳот” дар Маркази солимии деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуд.

Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бинои Маркази тиббӣ кӯчонида ва дар ҷойи он бинои ду баробар бештар аз рӯйи майдони ишғолкарда сохта шуд.

Ҳамчунин Маркази тиббӣ бо ҳама гуна таҷҳизоти тиббӣ ва мебели зарурии дафтари корӣ таъмин карда шуд.

Маркази солимии деҳаи Арбобхотун, ки дар он наздики 12 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ягона маркази тиббӣ дар деҳа аст. Соли 2017 беш аз 43,5 ҳазор нафар ба марказ муроҷиат намуда, қариб дар 57 ҳазор ҳолатҳо ҳайати тиббӣ дар хонаҳо кумаки тиббӣ расонидааст.

Дар маркази тиббӣ, ки дар он ба сурати умум 9 табиб ва 12 ҳамшираи шафқат кор мекунанд, табибони оилавӣ, дандонпизишкон, шуъбаи гинекология, шуъбаи муолиҷаи бемориҳои чашм, касалиҳои дарунӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.

Дар ТИКА зикр мекунанд, ки амалисозии лоиҳа ба афзоиши имконоти маркази тиббӣ ва пешниҳоди хизматгузориҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар шароити бештар мусоид нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.