Боздошти 2 сокини Ҳисор барои ташкили нуқтаи мубодилаи асъори ғайриқонунӣ дар пойтахт

Нуқтаи мубодилаи асъори ғайриқонунӣ аз ҷониби сокинони шаҳри Ҳисор Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Суннатулло Мирзоев дар кӯҷаи Аловуддинов дар маркази шаҳр ташкил карда шуда буд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “соҳибкорон” ҳангоми фурӯшу ивази 3 ҳазор доллари ИМА боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи модлдаи 286 […]

Asia-Plus

Нуқтаи мубодилаи асъори ғайриқонунӣ аз ҷониби сокинони шаҳри Ҳисор Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Суннатулло Мирзоев дар кӯҷаи Аловуддинов дар маркази шаҳр ташкил карда шуда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “соҳибкорон” ҳангоми фурӯшу ивази 3 ҳазор доллари ИМА боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи модлдаи 286 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Додугирифти ғайриқонунӣ бо  асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда барои ҳар кадоме аз онҳо то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки охири соли 2015 Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” дастур қабул намуд, ки мувофиқи он, ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯши он дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳои бонкҳо дар маҳалҳо ва дафтарҳои асосии кории ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.