Ҳабси маъмурии донишҷӯи душанбегӣ барои авбошӣ

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз рӯи далели майдаавбошӣ донишҷӯи соли 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон, сокини 23-солаи пойтахт Фаррух Ҳасановро боздошт намудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тахминан соатҳои дуи шаби 13 июл ӯ дар ҳолати сахти сархушӣ дари хонаи яке аз биноҳои воқеъ дар кӯчаи Борбад 75-ро тақ-тақ мекунад. […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз рӯи далели майдаавбошӣ донишҷӯи соли 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон, сокини 23-солаи пойтахт Фаррух Ҳасановро боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тахминан соатҳои дуи шаби 13 июл ӯ дар ҳолати сахти сархушӣ дари хонаи яке аз биноҳои воқеъ дар кӯчаи Борбад 75-ро тақ-тақ мекунад.

“Ӯ аз соҳибхоназан талаб мекунад, ки шиносашро даъват кунанд. Вақте мегӯянд, ки шиносаш дар ин хона зиндагӣ намекунад, ӯ ба дашному ҳақорат ва таҳқири сокинони хонаҳо мепардозад, ки аз доду фарёди ӯ аз хонаҳояшон баромада буданд”, – хабар медиҳад дафтар матбуоти РВКД.

Дар натиҷа донишҷӯ боздошт ва бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт барои майдаавбошӣ, халалдор сохтани оромии шабона, истироҳати сокинон, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ҷазоро дар таваққуфгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе адо мекунад.

Бино ба маълумоти корбарони Facebook, Ҳасанов духтареро бо номи Мижгона меҷустааст ва дар хонае, ки дари онро ӯ тақ-тақ мекунад, ҷавонзане бо ду кӯдакаш қарор доштаанд. Зани ба ҳарос афтода ба шавҳараш занг мезанад, ки дар кор будааст.

Баъди ҳозир шудани шавҳари зан, донишҷӯи маст бо ӯ ба ҷанҷолу муноқиша мепардозад. Бо талошҳои якҷояи сокинони бино донишҷӯ ба кӯча бароварда шуда, вале дар кӯча низ ӯ ором намегирад ва ба таҳдид идома медиҳад. Баъдан кормандони милитсия ӯро боздошт мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.