IJF 10 мураббии дзюдои точикро як сол бо маош таъмин мекунад

Дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF), воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон рӯзи 13 июл миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF), воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон рӯзи 13 июл миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, дар асоси санади мазкур, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тасвиб расид, Федератсияи байналмилалии дзюдо ба 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Ванҷ ва Рӯшон гилеми варзишӣ (татамӣ) ва либосҳои варзишии кӯдакона тақдим хоҳад намуд. Ҳамчунин, ба 10 мураббӣ, ки ба наврасону ҷавонон ин намуди варзишро меомӯзонанд, муддати як сол маош дода хоҳад шуд.

Хотиррасон мешавад, ки маросими мазкур дар ҳошияи баргузории мусобиқаи байналмилии дзюдо – Гран Прии Будапешт-2019 сурат гирифт. Дар ин мусобиқа, ки 12-14 июл баргузор шуд, 4 паҳлавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Зимнан зикр мегардад, ки натиҷаи беҳтарро Комроншоҳ Устопириён нишон дод. Ӯ дар вазни -90кг баъд аз се пирӯзӣ ва ду бохт ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.