Хадамоти алоқа метавонад муҳлати сабти симкортро бо id-шиноснома дароз кунад

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо , метавонад муҳлати онро тамдид намоянд. Ба гуфтаи ӯ, “дар ҳолати ҳалу фасл нашудани масъалаи мазкур то моҳи август – муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо , метавонад муҳлати онро тамдид намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ҳолати ҳалу фасл нашудани масъалаи мазкур то моҳи август – муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав, метавонем ба  ВКД барои дароз кардани муҳлати он пешниҳод намоем”.

Гуфта шуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 4 миллиону 858 ҳазору 887 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, то 11 июли соли равон дар саросари ҷумуҳурӣ  1 миллиону 880 ҳазору 385 нафар бо шиносномаи нав симкортҳои худро ба қайд гирифтаанд ва зиёда аз 4 миллиони дигар симкортҳои мобилии худро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.

Ҳамчунин шумораи муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 366 ҳазору 722 нафарро ташкил дода, аз онҳо 90 ҳазору 420 адади он фаъол мебошад.

Гарчанде Тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд, аммо масъала то ҳол нигаронкунанда аст ва то 15 августи соли равон зиёда аз 4 миллион нафари дигари муштариён имкони саривақт ба қайдгирии симкортҳои мобилии худро надоранд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.