Осеби қитъаҳои замину роҳҳои ноҳияи Сангвор аз сел

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,  сел роҳу пулро дар ноҳияи Сангвор хароб карда, ба манзилҳои зисти сокинон низ осеб расонид. “Комиссия зери раҳбарии муовини аввали КҲФ Рустами Шоҳиён айни замон дар ин ноҳия қарор дошта, вазъро дар маҳал таҳти назорат гирифт. Ба ҷойи ҳодиса техникаи зарурӣ сафарбар шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,  сел роҳу пулро дар ноҳияи Сангвор хароб карда, ба манзилҳои зисти сокинон низ осеб расонид.

“Комиссия зери раҳбарии муовини аввали КҲФ Рустами Шоҳиён айни замон дар ин ноҳия қарор дошта, вазъро дар маҳал таҳти назорат гирифт. Ба ҷойи ҳодиса техникаи зарурӣ сафарбар шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, то ҳол дақиқан маълум нест, ки аз ин офати табиӣ чӣ миқдор қитъаҳои замин зарар дида, ба молу амволи мардум чӣ гуна осеб расидааст.

“Аз ҳама муҳимаш, байни аҳолӣ талафоти ҷонӣ нест, – қайд кард ӯ. – Чорвои сокинони мазҳллӣ низ осеб надидааст”.

Радиои Озодӣ навори видеоеро нашр кардааст, ки дар он сел пулро хароб мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, давоми рӯзҳои 11-18 июл ҳарорати ҳаво дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои миёнаи солона 5-7 дараҷа боло рафта,  рӯзона то 40-42 дараҷа ва дар минтақаи биёбон то 43-45 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба болоравии ҳарорат, дар минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ эҳтимоли босуръат яхшавии пиряхҳо вуҷуд дорад, ки ба омадани селҳо боис шуда метавонад.

Дар ин давра дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва шохаҳои онҳо аз босуръат болоравии сатҳи об ва имкони шусташавии соҳилҳо интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.