Бобозода: Шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон мутмаин аст, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад. “Давоми чор моҳи корам дар ин вазифа ба боздиди се муассисаи ислоҳӣ фурсат ёфтем. Аз номи маҳбусон гуфта метавонам, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарӣ шароити будубоши […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон мутмаин аст, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад.

“Давоми чор моҳи корам дар ин вазифа ба боздиди се муассисаи ислоҳӣ фурсат ёфтем. Аз номи маҳбусон гуфта метавонам, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарӣ шароити будубоши маҳбусон дар ин муассисаҳо беҳтар шуда истодааст”, – изҳор дошт Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода.

Ӯ қайд кард, ки аз зиндони шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии №3/2, воқеъ дар шаҳраки Роҳатӣ, 15 километрии шарқи Душанбе), маъруф ба “Кирпичний”, ки чанде қабл дар он ошӯби маҳбусон рух дод, низ боздид кардааст ва вазъ дар он ҷо орому осуда аст.

“Мо бо раҳбарияти муассиса ва маҳбусон суҳбат кардем, аз ошхонаи он ҷо боздид намуда, бо шароитҳо аз наздик шинос шудем. Бо сабаби ҷараён доштани тафтишоти Прокуратураи генералӣ, ба баъзе саволҳоямон ҷавоб гирифта натавонистем”, – гуфт ӯ.

Сардори Раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳусниддин Нидоев ба журналистон иттилоъ дод, ки дар мавриди интиқоли чанде қабли маҳбусон аз Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе, ки 14 нафар маҳбусон ҳалок шуданд, ба онҳо се муроҷиатнома расидааст.

“Волидон ба мо муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки фарзандонашон ҳангоми интиқол бедарак шудаанд. Дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони “гумшуда”-ро пайдо намуда, волидонашонро аз макони будубоши онҳо огоҳ кардем. Онҳо бо ҳам дидору гуфтушунид карданд”, – гуфт Нидоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.