Корманди милитсияи дар Ворух захмишуда ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад

Корманди милитсияи тоҷик рӯзи 22 июл ҳангоми муноқиша дар Ворух захми вазнин гирифта, ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад, лекин ӯро аз Ворух ба дигар ҷой бурдан имкон надорад: роҳ баста аст. Қирғизҳо роҳи Ворух – Исфараро баста, ҳатто мошини ёрии таъҷилиро ба гузаштан иҷоза намедиҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара. […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Корманди милитсияи тоҷик рӯзи 22 июл ҳангоми муноқиша дар Ворух захми вазнин гирифта, ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад, лекин ӯро аз Ворух ба дигар ҷой бурдан имкон надорад: роҳ баста аст. Қирғизҳо роҳи Ворух – Исфараро баста, ҳатто мошини ёрии таъҷилиро ба гузаштан иҷоза намедиҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара.

“Аз ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доштани кормандамон огаҳӣ дорем ва ҳамаҷониба талош мекунем, ки ба ӯ кумак кунем”, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл дар Душанбе вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ҳангоми муноқишаи рӯзи 22 июл дар сарҳад бо Қирғизистон захмӣ шуда, дар Ворух ҷарроҳӣ шудааст, лекин ба ӯ ҷарроҳии мушкилтар зарур аст, ки гузаронидани он танҳо дар шаҳр имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар беморхонаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара хабар дод, ки рӯзи 22 июл чор нафар бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ҳангоми муноқиша дар сарҳад ба он ҷо оварда шудаанд.

“Чор нафар ҷарроҳӣ шуданд. Ба ду тан аз онҳо ҷарроҳии таъҷилӣ дар беморхонаи шаҳр зарур аст, лекин ҷониби Қирғизистон ҳатто ба гузаштани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ иҷоза намедиҳад, то ки онҳо ба беморхонаи шаҳр бурда шаванд”, – гуфт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.