БМТ: Ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) умедвор аст, ки ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” баҳри солимгардонии фаъолият ҷалби сармоягузорӣ муяссар мегардад. “Мо ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем, – гуфт зимни ншасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Одамон бовар доранд ва мо ҳам умедворем, ки ба ин бонкҳо дарёфт ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) умедвор аст, ки ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” баҳри солимгардонии фаъолият ҷалби сармоягузорӣ муяссар мегардад.

“Мо ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем, – гуфт зимни ншасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Одамон бовар доранд ва мо ҳам умедворем, ки ба ин бонкҳо дарёфт ва ҷалби сармоягузорӣ муяссар хоҳад гашт”.

Бино ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” дар Чин қарор дошта, дар бораи ҷалби сармоягузорӣ ду қарордоди пешакӣ ба имзо расонидааст.

Ӯ таъкид дошт, ки раҳбарияти “Агроинвестбонк” низ дар пайи ҷустучӯи сарчашмаҳои сармоягузорӣ аст.

Раиси БМТ илова намуд, ки ин бонкҳо айни замон мувофиқи имкон ба баргардонидани амонатҳои мизоҷон машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ин бонкҳо ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, бо ин сабаб дигар мунтазам аз иҷрои уҳдадориҳояшон назди мизоҷони худ баромада наметавонистанд.

Аввали соли 2017 ҳукумат тасмим гирифт, ки бо пешниҳоди қарз бонкҳои нисбатан бузург – Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дастгирӣ мекунад. Ин бонкҳо то охири соли 2021 бояд воситаҳои ҳукуматро баргардонанд, ки бояд ба сармоягузориҳои иловагӣ иваз шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар мавриди масъалаи ҷалби сармоягузориҳо аз Чину Арабистон гуфтушунидҳои “Тоҷиксодиротбонк” ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, доир ба гуфтушунидҳо  бо дигар сармоягузорони хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сбербанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия дар ин хусус низ маълумот дода шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.