Вазорати меҳнат: маош зиёду сатҳи некӯаҳволӣ баланд шуд. Пайхас кардед?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки нимаи аввали соли 2019 нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳтар шудааст. Муовини вазир Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ қариб 1 350 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки нимаи аввали соли 2019 нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳтар шудааст.

Муовини вазир Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ қариб 1 350 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 151 сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми солона дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти коршиносон, 8,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок – 2609,7 сомонӣ, сохтмон – 2526,8сомонӣ, нерӯи барқ, газ ва таъминоти об – 2074,8сомонӣ ва сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ – 539,0 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар сохтори навъи фаъолияти иқтисодӣ 45%-и коргарон ба бахши кишоварзӣ рост меоянд.

Қаблан Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи сатҳи музди меҳнат дар кишварҳои узви ИДМ маълумот нашр кард, ки маоши пастттарин байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар Тоҷикистон зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.