Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ва Чолпон-Ота

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исфара боздид намуда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исфара боздид намуда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, имрӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар қитъаи наздимарзии давлатҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа ва куҳансолони шӯроҳои деҳоти кишварҳо дидору гуфтушунид мекунанд.

Сипас гуфтушуниди ҷонибҳо дар шаҳри Исфара идома меёбад. Ҷонибҳо масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷараёни таъйин ва аломатгузории хати сарҳадро баррасӣ мекунанд.

Тавре хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон иттилоъ медиҳад, гуфтушуниди Сооронбой Жээнбеков ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Ота идома ёфта, дар он натиҷаҳои мулоқот дар шаҳри Исфара баррасӣ мешаванд. Сарони кшварҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 519 киломтери он мувофиқа шудааст.

Қитъаҳои баҳсӣ асосан дар сарҳади байни ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияҳои Лайлак ва Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон ҷойгиранд, ки дар ин ҷойҳо бар сари обу чарогоҳ ва замин баҳсу низоъҳо ба амал меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.