Вохӯрии таърихии Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар минтақаи сарҳадии Ворух – Оқсой

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков имрӯз дар минтақаи сарҳадии Ворух – Оқсой бо ҳамдигар вохӯрданд. Ин дақиқаҳо сарони кишварҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа ва куҳансолони шӯроҳои деҳоти ҳарду кишвар мулоқот доранд. Дар идома дар шаҳри Исфара дидору гуфтушуниди “як ба як”-и сарони кишварҳо доир гардида, сипас ҳайатҳои кишварҳо ба он ҳамроҳ […]

Asia-Plus

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков имрӯз дар минтақаи сарҳадии Ворух – Оқсой бо ҳамдигар вохӯрданд.

Ин дақиқаҳо сарони кишварҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа ва куҳансолони шӯроҳои деҳоти ҳарду кишвар мулоқот доранд.

Дар идома дар шаҳри Исфара дидору гуфтушуниди “як ба як”-и сарони кишварҳо доир гардида, сипас ҳайатҳои кишварҳо ба он ҳамроҳ мешаванд.

Президенти Тоҷикистонро дар ин сафар вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳӣ доранд.

Муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, аллакай чандин рӯз – аз оғози муноқиша дар Исфара қарор дошта, ҳамарӯза бо намояндагони ҳукумати Қирғизистон гуфтушунид мегузаронад.

Тавре интизор меравад, пас аз гуфтушунидҳо дар Исфара Сооронбой Жээнбеков ва Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯл рафта, дар шаҳри Чолпон-Ота оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтушунидро идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.