Гармӣ Тоҷикистонро тарк карданӣ нест. Боз ҳавои гарми Эрон меояд

Рӯзҳои 28-31 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда то  40-430 гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43-45 дараҷа гарм мешавад. Бино ба огоҳии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 28-31 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда то  40-430 гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43-45 дараҷа гарм мешавад.

Бино ба огоҳии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 28-31 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар буда, эҳтимолияти шусташавии соҳилҳо дар назар аст.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе обуҳаво дар Душанбе камабру бебориш шуда, чангу ғубор мефарояд. Ҳарорат рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 30-31 июл тибқи маълумоти обуҳавошиносон, гармии обуҳаво дар Душанбе то 43 дараҷа дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчунин огоҳ мекунад, ки то санаи 28 июл обуҳавои шаҳри Душанбе серчангу ғубор хоҳад монд.

Ба сокинону меҳмонони пойтахт худдорӣ аз сайругашти тӯлонӣ ва муддати зиёд ҳузур доштан дар кӯча ва тавсия дода мешавад. Дар навбати аввал ин ба кӯдакон, занони ҳомиладор ва шахсони фишори хунашон баланд (гипертония) дахл дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.