То охири сол 100 автобуси нави «AKIA» ба роҳҳои Душанбе мебароянд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе то охири соли ҷорӣ аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Тоҷикистон 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» мехарад. Ин автобусҳо ба меъёрҳои байнулмилалии “Евро-5” мутобиқ буда, бо муҳаррикҳои ширкатҳои маъруфи «Мерседес Бенс», ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз мебошанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ. Ғайр аз ин, дар доираи […]

Аваз Юлдошев

Мақомоти шаҳрдории Душанбе то охири соли ҷорӣ аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Тоҷикистон 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» мехарад. Ин автобусҳо ба меъёрҳои байнулмилалии “Евро-5” мутобиқ буда, бо муҳаррикҳои ширкатҳои маъруфи «Мерседес Бенс», ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз мебошанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.

Ғайр аз ин, дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи Ҷумҳурии Халқии Хитой воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин то охири соли ҷорӣ сохтмони 25 адад истгоҳҳои нақлиётии мусофирбарии замонавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар назар аст.

Қаблан чунин истгоҳҳо танҳо дар кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳри Душанбе сохта шуда буданд.

Моҳи феврали соли гузашта дар Душанбе 36 истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он 1 млн. доллар маблағ харҷ шуд.

Ҳамаи истгоҳҳо мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо назардошти тарзу услуби меъмории миллӣ сохта шудааст: дар ҳар кадоме аз истгоҳҳо ҷойи интизории мусофирон, нуқтаи фурӯши матбуот, билетҳои электронии нақлиёти ҷамъиятӣ, таблои электронӣ ва рекламавӣ мавҷуд аст, ки тариқи он метавон бо вақту самтҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд.

Истгоҳҳои муосир дар кӯчаҳои асосии шаҳр – аз майдони назди Фурудгоҳи байнулмилалӣ то қисмати шимолии пойтахт – майдони Сарҳадчиён сохта шудаанд.

Бо назардошти макони ҷойгиршавӣ ва шумори мусофирони нақлиёти ҷамъмиятӣ дар 18 истгоҳ фурӯшгоҳҳои газета ва журналҳо кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.