Афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои худкушӣ миёни занон дар Суғд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нимаи аввали сол занон дар вилояти Суғд 219 қонуншиканӣ зиёдтар кардаанд. Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давоми шаш моҳ аз ҷониби занон 556 ҷиноят содир шуда, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ байни занон дар […]

Asia-Plus

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нимаи аввали сол занон дар вилояти Суғд 219 қонуншиканӣ зиёдтар кардаанд.

Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давоми шаш моҳ аз ҷониби занон 556 ҷиноят содир шуда, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ байни занон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шудааст.

“Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби занон 142 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79 ҳолат бештар аст”, – қайд кард ӯ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар баробари афзоиши ҷинояткорӣ миёни занон, зиёдшавии ҳолатҳои худкшӣ низ байни занон ба қайд гирифта шуда, ба сурати умум давоми ним сол 62 ҳодисаи худкушӣ рух додааст, ки дар муқоиса бо ним соли гузашта 11 ҳолат зиёдтар аст.

“Мутаассифона, дар 12 ҳолат духтарони ноболиғ даст ба худкушӣ заданд, – изҳор дошт Нигора Ғаффорзода.

Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти миёни сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани занонро зӯроварӣ дар оила номбар карда, изҳор намуд, ки дар мубориза бо ин падидаи манфӣ фаъолияти Кумитаи дахлдор дар ин самт кофӣ набуда, дар ин маврид дастаҷамъона фаъолият кардан лозим аст.

“Дар сохторҳои кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ ду нафарӣ кор мекунанд, ки табиист, ба ҳалли тамоми мушкилоти маҷудаи занону оилаҳо қодир нестанд. Дар ин самт талоши ҳамаи аҳли ҷомеа зарур аст, ба ин масъала ҷомеа набояд бетараф бошад”, – илова намуд Ғаффорзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.