Манбаъ: дар бораи авфи навбатӣ ҳарф задан имрӯз барвақт аст

“Маълумоти интишоршуда дар баъзе аз васоити ахбори умум дар бораи эълони авф (амнистия) дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надорад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёрҳои Конститусияи кишвар, эълони авф салоҳияи истисноии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. “Сарвари давлат то […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Маълумоти интишоршуда дар баъзе аз васоити ахбори умум дар бораи эълони авф (амнистия) дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надорад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёрҳои Конститусияи кишвар, эълони авф салоҳияи истисноии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

“Сарвари давлат то эълони авф аз ҳисоби раҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати адлия, Дастгоҳи иҷроияи президент гурӯҳи корӣ таъсис дода, ба ин гурӯҳ дастур дода мешавад, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро таҳия намоянд, лекин то имрӯз чунин гурӯҳи корӣ таъсис дода нашудааст”, – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз бо итминон наметавон гуфт, ки ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ авф эълон мешавад.

“Аммо бо наздикшавии санаи ҷашн, нимаи моҳи октябр сарвари давлат метавонад чунин қарор қабул кунад, лекин таъкид месозам, ки ин танҳо як тахмини ман аст”, – илова кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки авфҳо маъмулан ба муносибати ҷашну идҳои давлатӣ эълон мешаванд. Ҳамин тариқ, соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсия авф эълон шуда буд, ки 10 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Соли 2011 ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ қонуни афв мавриди амал қарор гирифта буд, ки ба ҳудуди 15 ҳазор нафар дахл дошт.

Афви охирини 15-ум дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ эълон шуда буд. Он замон беш аз 12 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд ё муҳлати ҷазояшон кам шуд. Авф ба маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин дахл надошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?