Саидҷаъфар Усмонзода: “Ба изҳороти ман дар ҳукумат назари манфӣ надоранд”

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода бар ин назар аст, ки ҳар як шаҳрванди калонсоли кишвар бояд вакили худро дар мақомоти олии қонунгузори кишвар шиносад. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки ахиран чанде аз шаҳрвандон дар ҳама чизи манфии рухдода дар ҷомеа ҳукумату парлумонро маломат карда, дар ҳамин ҳол, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода бар ин назар аст, ки ҳар як шаҳрванди калонсоли кишвар бояд вакили худро дар мақомоти олии қонунгузори кишвар шиносад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки ахиран чанде аз шаҳрвандон дар ҳама чизи манфии рухдода дар ҷомеа ҳукумату парлумонро маломат карда, дар ҳамин ҳол, ба худ савол намедиҳанд, ки “ба кӣ ва кай бо ин масъала муроҷиат крадаанду ягон чорае дар ҳалли ин мушкилот андешидаанд”.

“Се рӯз пеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба интихобкунандагон бо дархост муроҷиат намудам, то ки барои ҳалли мушкилоти бавуҷудомада аз имконоти вакилони худ дар парлумон бештару пурсамар истифода кунанд. Дар ин муддат ба ман беш аз 500 нафар шаҳрвандон занг зада, асосан аз он шикоят доштанд, ки намедонанд кӣ манфиатҳояшонро дар парлумон ҳимоя мекунад, аксарият бовар надоранд, ки вакилони онҳо дар парлумон онҳоро қабул ва кумак мекунанд”, – гуфт вакил.

Ӯ итминон дод, ки дар ҳолати аз вохӯрӣ бо интихобкунандагон саркашӣ кардани вакил, шаҳрвандон оид ба ин масъала метавонанд бевосита ба раҳбарияти парлумони Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи “Азия-Плюс” дар мавриди барояш мушкил эҷод нашудан бо ҳукумат дар робита ба изҳороти ҷасуронааш дар парлумон, Усмонзода посух дод, ки “ба изҳороти ман дар ҳукумат назари манфӣ надоранд”.

“Одамони гирду атрофам маро огоҳ мекунанд, ки ин тавр хуб нест, мушкил пайдо шуданаш имкон дорад, лекин дар чунин ҳолатҳо ман ба ҳайрат омада мегӯям, ки аз мушкилоте, ки ман дар парлумон ҳарф мезанам, ҳамеша президент Эмомалӣ Раҳмон низ сухан мегӯяд”, – таъкид дошт Усмонзода.

Ёдрас мекунем, ки замони сарусадоҳои болоравии нархи интернет, Саидҷаъфар Усмонзода изҳор намуда буд, ки “бо боло бурдани нархи интернет мо мардумро муқобили ҳукумат мегузорем”.

Моҳи июни соли 2018 бошад, ӯ дар парлумон бо эҳсос сухан карда, изҳор дошт, ки баъзе кормандони сохторҳои қудратии машғули кор дар ситодҳо оид ба ҳалли мушкилот дар бахши бонкӣ нисбати кормандони бонкҳои дучори мушкилот номуносиб рафтор мекунанд.

«Кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» чун ба ҷинояткорон рафтор мекунанд», – иброз дошта буд сиёсатмадор.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.