Гармии аз 40 дараҷа боло то 10 август идома меёбад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 10 августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст. Зимнан зикр мегардад, ки дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 10 августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии босуръати сатҳи об дар назар буда, эҳтимолияти шусташавии соҳилҳо дар назар аст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳарорат 38-40 дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчунин огоҳ мекунад, ки обуҳаво серчангу ғубор шуда, аз ин рӯ, ба сокинону меҳмонони пойтахт худдорӣ аз сайругашти тӯлонӣ ва муддати зиёд ҳузур доштан дар кӯча ва тавсия дода мешавад. Дар навбати аввал ин ба кӯдакон, занони ҳомиладор ва шахсони фишори хунашон баланд (гипертония) дахл дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.