Хабарҳои “Азия-Плюс”-ро бо забони тоҷикӣ дар Telegram бихонед

Канали нав дар Telegram имкон медиҳад, ки хабарҳоро бо забони тоҷикӣ бе назардошти қатъи дастрасӣ ба сомонаи мутолиа намоед. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои корбарони забони тоҷикӣ дар Telegram канал (шабака)-и боз намуд. Ба он пешакӣ бо насби мессенҷери Telegram дар смартфони худ метавон бо суроғаи зерин обуна шуд: https://t.me/asiaplustj. Канали “Азия-Плюс” бо забони русӣ, ки […]

Asia-Plus

Канали нав дар Telegram имкон медиҳад, ки хабарҳоро бо забони тоҷикӣ бе назардошти қатъи дастрасӣ ба сомонаи мутолиа намоед.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои корбарони забони тоҷикӣ дар Telegram канал (шабака)-и боз намуд. Ба он пешакӣ бо насби мессенҷери Telegram дар смартфони худ метавон бо суроғаи зерин обуна шуд: https://t.me/asiaplustj.

Канали “Азия-Плюс” бо забони русӣ, ки ба он қариб 8 ҳазор нафар обунаанд, имрӯз писандидатарин дар Тоҷикистн аст. Ба он метавон бо суроғаи зерин обуна шуд: https://t.me/asiaplushttps://t.me/asiaplus.

“Канали нахустинро дар Telegram барои корбароне, ки ҷиҳати боздид аз сомонаҳои иттилоотӣ вақти зиёд надоранд, мо якуним сол пеш боз карда будем. Баъи ним сол он ба воситаи қулайтарини дастрасӣ ба сомонаи мо табдил ёфт, ки бо тарзи оддӣ дастрасӣ ба он қатъ аст. Барои шиноосӣ бо хабарҳои мо суръати камтарини интернет ҳам кофӣ аст. Акнун мо канал (шабака)-ро бо забони тоҷикӣ боз намудем ва дар муддати чанд соат аллакай наздики 100 нафар ба он обуна шуданд”, – мегӯяд директори иҷроияи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Зебо Тоҷибоева.

Ӯ қайд кард, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамеша талош дорад, ки канал ва паблик-чатҳои худро дар мессенҷерҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ рушд диҳад.

“Аз ҳама муҳимаш он аст, ки корбарони мо саривақт хабарҳои тозаро дарёфт кунанд, аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки ба ҷуз дастрасии мустақим ба сомона, дигар ҳама роҳу вситаҳои дастрасӣ ба хабару маводҳоямонро роҳандозӣ намоем”, – илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.