Ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба садама дучор шуд

Рӯзи 4-уми август, соати 10.40 ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи «Ан-2», рақами қайди РТ-15-305, соли бароришаш 1978 ҳангоми анҷом додани машқҳои нақшавӣ дар маркази таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба садама дучор гардид. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи […]

Наим Халимов

Рӯзи 4-уми август, соати 10.40 ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи «Ан-2», рақами қайди РТ-15-305, соли бароришаш 1978 ҳангоми анҷом додани машқҳои нақшавӣ дар маркази таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба садама дучор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ, зимни садама, сарнишини ҳавопаймо лейтенанти калон Давлатов Бахтиёр Ҳасанович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Хуросон бистарӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, марнишини дигари ҳавопаймо Раҳматов Илҳом Дуллоевич, соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар беморхонаи болозикр вафот кард.

Ҳавопаймо 8 нафар шаҳрвандони хоҳишмандро пас аз гузаштани машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Зимни нишаст тахминан дар масофаи 10 метр аз замин ҳавопаймо бо сабабҳои техникӣ дучори фуруди сахт гардида ба замин бархӯрдааст.

Вобаста ба сукути ҳавопаймо аз ҷониби раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи қонун ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.