Ҳабси “Хӯҷа-командир” дар Дубай. Душанбе истирдоди ӯро дархост дорад

Собиқ фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе ҳуҷҷатҳо омода мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон […]

Аваз Юлдошев

Собиқ фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе ҳуҷҷатҳо омода мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуд.

Он замон Тоҷикистон ба кишварҳои узви Интерпол муроҷиат карда, дархост намуд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди гумонбар, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо аз қабили куштор, таммаъҷӯӣ, ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад, мусоидат намоянд.

Тибқи фарзияи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, он замон Хӯҷа Каримов дар қаламрави Малайзия қарор дошт.

Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буд. Солҳои 1992-1993 – муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағой Шукуров айбнома пешниҳод гардида, лекин баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.