Поинравии қурби рублро дар БМТ шарҳ доданд

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) санаи 15 август қурби рублро нисбати сомонӣ дар сатҳи 0,143 сомонӣ барои 1 рубл муқаррар намуд. Ҳанӯз аввали моҳ қурби рубл нисбати сомонӣ бо қурби БМТ ба 0,149 сомонӣ баробар буд.

Поинравии қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ба коҳиши қурби он дар Русия нисбати доллари ИМА вобастагӣ дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Дар Русия айни замон қурби доллар то ба 66,26 рубл ва евро то ба 73,83 рубл афзудааст.

Агар шумо имрӯз рублҳои худро ба сомонӣ иваз карданӣ шавед, барои 1 ҳазор рубл 141 сомонӣ маблағ мегиред. Агар 1 ҳазор рубл хариданӣ бошед, пас мебояд 144 сомонӣ пардохт намоед.

Поинравии қурби рублро коршиносон ба ҷорӣ гардидани таҳримҳои нави ИМА нисбати Русия, ки президенти ин кишвар Доналд Трамп дар ин хусус санадеро ба имзо расонидааст, марбут медонанд.

Таъсири коҳиши қурби рубл ба даромади оилаҳои муҳоҷирон

Тибқи маълумоти расмӣ, наздики 90%-и интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон аз Русия бо рубли русӣ ворид мешаванд.

Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Тавре Бонки марказии Русия хабар медиҳад, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 462 млн. доллар маблағ (ҳамин давраи соли 2018 – 487 млн. доллар) фиристода шудааст.

Интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас – аз 42 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 29 млн. доллар тӯли се моҳи соли равон коҳиш ёфтааст.

Барои мисол, муҳоҷир ба волидонаш 10 ҳазор рубл фиристод. Агар аввали моҳи август волидони ӯ ба ивази ин 1500 сомонӣ пул мегирифтанд, пас ҳозир ба онҳо 1410 сомонӣ маблағ дода мешавад.

Тавре коршиносони тоҷик қайд мекунанд, бо назардошти таҷрибаи солҳои пешин, поинравии қурби рубл ва болоравии қурби доллар ба Тоҷикистон бевосита таъсир меравонад ва дар ин ҳолатҳо даромади аҳолӣ босуръат кам мешавад, зеро беш аз нисфи аҳолии кишвар аз ҳисоби пулҳои интиқолдодаи муҳоҷирон аз Русия рӯзгори оилаҳои худро таъмин мекунанд.

Ин ҳолат ҳамчунин ба болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молу маҳсулот низ таъсир мерасонад, чунки бозори Тоҷикистон 60-70% ба воридот вобаста мебошад.

Воридоти маҳсулот бо асъор сурат гирифта, мутаносибан барои ба даст овардани долларҳои харҷшуда дар хориҷа барои харидории маҳсулот, соҳибкорон нархро бо асъори миллӣ зиёд мекунанд.

Чунин ҳолат дар нархҳо ба маҳсулоти маҳаллӣ низ ба мушоҳида расида, ба болоравии сунъии нарх дар бозорҳо боис мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...