Дар шаҳри Душанбе озмуни беҳтарин боғи пойтахт эълон шуд. Комиссияи озмунро муовини раиси шаҳр Толиб Раҳимзода роҳбарӣ мекунад.
Озмуни “Боғи беҳтарин” ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида шуда, на дертар аз 5 сентябр натиҷаҳояш ҷамъбаст мешаванд.
Комиссияи озмун ба ҳамаи нишондиҳандаҳои зарурии боғи муосири фарҳангу истироҳат – мавҷуд будани харакҳои нишаст, аттраксионҳо, кабудизоркунии боғ, чароғҳои рӯшноидиҳанда, хатҳои таъмин бо об ва ҳоҷатхонаҳо баҳогузорӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари шуъбаи кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории Душанбе Шералӣ Раҳмонзода.
Ҳамчунин комиссия рафтори тамошобинони боғҳо ва муносибати онҳоро ба амвол дар боғҳо мушоҳида мекунад.
Гуфта мешавад, ғолиби озмун бо дипломи махсуси мақомоти шаҳрдории Душанбе қадрдонӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


