Тоҷикистон шабонарӯзӣ то 23 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад

Имрӯзҳо Ӯзбекистон аз Тоҷикистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 13 млн. ва Афғонистон – 10 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегиранд. “Барои ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқ Кобул 3,8 сент ва Тошканд – 2,5 сент маблағ пардохт мекунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. – Барқ барои Ӯзбекистон нисбатан арзонтар аст, зеро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯзҳо Ӯзбекистон аз Тоҷикистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 13 млн. ва Афғонистон – 10 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегиранд.

“Барои ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқ Кобул 3,8 сент ва Тошканд – 2,5 сент маблағ пардохт мекунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. – Барқ барои Ӯзбекистон нисбатан арзонтар аст, зеро дар интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон Тошканд нархро хеле камтар кард”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аввали моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистону Ӯзбекистон ба таври назаррас зиёд мекунад.

Ҳаҷми умумии барқи содиротшуда аз Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 314,2 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби содироти барқ ба суратҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 230 млн. сомонӣ (23,7 млн. доллар) маблағ ворид гардид.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн зимни ҷаласаи парлумон директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафаров изҳор намуда буд, ки аз 9 сентябри ҳамин сол агрегати дуюми нерӯгоҳ ба истеҳсоли барқ шурӯъ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.