Ғалабаи Шаббос Неъматуллоев дар рақобати аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардон ҷараён дорад. Дар вазни то 81 кило муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар рақобати аввал бо ҳисоби 4 бар 1 бар намояндаи Шветсия дастболо шуд. Рӯзи 15 сентябр Шаббос дар даври 1/16 финалӣ бо муштзани Миср  Абдураҳмон Арабӣ қувваозмоӣ мекунад. Дар вазни то 63 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардон ҷараён дорад. Дар вазни то 81 кило муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар рақобати аввал бо ҳисоби 4 бар 1 бар намояндаи Шветсия дастболо шуд.

Рӯзи 15 сентябр Шаббос дар даври 1/16 финалӣ бо муштзани Миср  Абдураҳмон Арабӣ қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни то 63 кило боксчии дигари тоҷик Баҳодур Усмонов имрӯз дар даври аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк ба рақобат пардохта, дар сурати пирӯзӣ ба даври 1/16 финалӣ роҳ меёбад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар чемпионат – Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввал бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштазанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар Екатеринбург байни мардон бори аввал дар таърихи Русия баргузор шуда, дар он 488 нафар муштзанон аз 91 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст