Ширкати “Фароз” амволашро ба фурӯш мегузорад

Ширкати “Фароз” дар бораи фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дода, ба шарикон барои ҳамкорӣ арзи сипос мекунад. Дар ҳуҷҷати ба “Азия-Плюс” пешниҳодкардаи ширкат доир ба рақобатнопазирии он дар бозори фурӯши сӯзишворӣ ва дигар сабаби барҳамдиҳӣ – зиёноварии таъмини фаъолияти иншоотҳо маълумот дода шудааст. Дар зер иттилоияи расмии ширкатро дар мавриди ин масъала манзуратон […]

Asia-Plus

Ширкати “Фароз” дар бораи фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дода, ба шарикон барои ҳамкорӣ арзи сипос мекунад.

Дар ҳуҷҷати ба “Азия-Плюс” пешниҳодкардаи ширкат доир ба рақобатнопазирии он дар бозори фурӯши сӯзишворӣ ва дигар сабаби барҳамдиҳӣ – зиёноварии таъмини фаъолияти иншоотҳо маълумот дода шудааст.

Дар зер иттилоияи расмии ширкатро дар мавриди ин масъала манзуратон мегардонем.

Охири ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод.

“Бинобар ба рақобат тобовар набудан дар бозори сӯзишворӣ, аз ҷумла, аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда мустақиман ворид гардидани маводи сӯзишворӣ ва ба тариқи чакана ба фурӯш баровардани онҳо дар бозори Тоҷикистон, баланд будани арзиши аслии маҳсулоти харидоришаванда, Ҷамъият имрӯз қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори мамлакат аз даст додааст. Бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият гардид”, – таъкид шуда буд дар мактуби ширкати ба унвони Кумитаи андоз.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.

Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе фаъол аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио