Истеъфои Раҳматулло Фузайлов аз вазифаи сармурабии дастаи «Кӯктош»

Раҳматулло Фузайлов бо хоҳиши худаш аз вазифаи сармураббигии дастаи футболи “Кӯктош” ба истеъфо рафт. Пас аз бохт дар вохӯрии даври 14-уми чемпионат дар бозӣ бо КМВА “Помир” (2:3) раҳбарияти дастаи “Кӯктош” дархости сармураббиро қонеъ намуда, ӯро аз иҷрои вазифаҳояш дар ситоди мурраббиён озод кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Қобили зикр аст, […]

Asia-Plus

Раҳматулло Фузайлов бо хоҳиши худаш аз вазифаи сармураббигии дастаи футболи “Кӯктош” ба истеъфо рафт.

Пас аз бохт дар вохӯрии даври 14-уми чемпионат дар бозӣ бо КМВА “Помир” (2:3) раҳбарияти дастаи “Кӯктош” дархости сармураббиро қонеъ намуда, ӯро аз иҷрои вазифаҳояш дар ситоди мурраббиён озод кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Раҳматулло Фузайлов моҳи феврали соли равон роҳбарии дастаи “Кӯктош”-ро ба уҳда гирифта, дар вазифаи сармураббии ин даста аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ ҳафт моҳ кор кард.

Таҳти роҳбарии ӯ “Кӯктош” имсол 14 вохӯрӣ гузаронида, дар 5 бозӣ ғолиб омад ва 4 вохӯриро мусовӣ анҷом дода, дар 5 бозӣ ба шикаст дучор шуд.

Сармураббии нави “Кӯктош” Ҳикматулло Шарипов таъин шудааст, ки қаблан ба дастаи лигаи якум – “Душанбе-83” роҳбарӣ мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.