Афзоиши шумори русиягиҳое, ки муҳоҷиронро хуш надоранд

Ду сол пеш 58%-и аҳолии Русия чунин ақида доштанд ва акнун ин нишондод ба 70% расидааст. Қариб 72%-и аҳолии Русия бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони он бояд вуруди шаҳрвандони хориҷии барои пулкоркунӣ мемадаро маҳдуд созанд. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии ҷомеашиносии “Левада-центр”. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад. Танҳо 9%-и пурсидашудагон (ҳар як даҳум русиягӣ) ақидаи ба ин мухолиф доранд. […]

Asia-Plus

Ду сол пеш 58%-и аҳолии Русия чунин ақида доштанд ва акнун ин нишондод ба 70% расидааст.

Қариб 72%-и аҳолии Русия бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони он бояд вуруди шаҳрвандони хориҷии барои пулкоркунӣ мемадаро маҳдуд созанд.

Чунин аст натиҷаи назарсанҷии ҷомеашиносии “Левада-центр”. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Танҳо 9%-и пурсидашудагон (ҳар як даҳум русиягӣ) ақидаи ба ин мухолиф доранд. Боз 15%-и онҳо ба сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорон таваҷҷуҳе надоранд.

Маълумоти назарсанҷӣ гувоҳи афзоиши шумори шаҳрвандонест, ки вуруди қувваи кории хориҷиро хуш надоранд. Ҳамин тариқ, моҳи июли соли 2017 – 58%-и русиягиҳо чунин ақида дошта, баъд аз як сол шумори онҳо ба 67% расидааст.

Ғайр аз ин, назарпурсӣ аз коҳиши шумори русиягиҳое шаҳодат медиҳад, ки мусоидат ба вуруди муҳоҷирони меҳнатиро ба кишвар муфид медонанд: соли гузашта 14%-и пурсидашудагон чунин назар доштанд.

Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки шумори шаҳрвандони бетаваҷҷуҳ ба сиёсати муҳоҷиратии ҳукуматдорон тайи ду соли охир ду баробар кам шудааст: моҳи июли соли 2017 сафи бетарафон 30%-ро ташкил дода буд.

Назарсанҷии умумирусиягӣ рӯзҳои 22-28 августи соли 2019 байни 1608 нафар аҳолии синни аз 18-сола боло гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷориҷударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.