9 голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Қувайт

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Урдун ҷараён дорад, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ба пирӯзии дуюм ноил шуд. Футболбозони навраси точик дар даври сеюм ба дарвозаи мунтахаби Қувайт 9 голи беҷавоб заданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати даста Кабир Салимшоев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода 2-голӣ ба ҳадаф расониданд. Муҳаммадворис […]

Asia-Plus

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Урдун ҷараён дорад, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ба пирӯзии дуюм ноил шуд. Футболбозони навраси точик дар даври сеюм ба дарвозаи мунтахаби Қувайт 9 голи беҷавоб заданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати даста Кабир Салимшоев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода 2-голӣ ба ҳадаф расониданд. Муҳаммадворис Саидалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов ва Хусрав Тоиров муаллифони голҳои дигар мебошанд. Боз як тӯбро футболбозони Қувайт ба дарвозаи худ равон карданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мизбонони мусобиқаи интихобӣ – мунтахаби Урдун дастаи Шри-Ланкаро бо ҳисоби калони 7 бар 0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз се давр мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун бо касби 6-имтиёзӣ пешсафи гурӯҳи “А” мебошанд.

Рӯзи ҷумъа, 20-уми сентябр дар даври чоруми ин мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Непал бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Тими Урдун бо Қувайт вомехӯрад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа 11 ғолиби гурӯҳҳо ва ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини зинаҳои дуюми гурӯҳҳо ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.