Муқовимати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бар зидди тахрибкорӣ

Дар доираи машварати котибони Шӯроҳои амнияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Виктор Маҳмудов ва Маҳмадалӣ Ватанзода тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Хабаргузории “УзА” иттилоъ медиҳад, ки зимни машварат масоили такмили механизмҳои амалии ҳамкориҳо дар самти муқовимати муштарак ба тахрибкорӣ ва ифротгароӣ, таъмини бехатарӣ дар сарҳад ва ҳимоя аз манфиатҳои иқтисодӣ дар марзҳои муштараки давлатӣ баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба […]

Asia-Plus

Дар доираи машварати котибони Шӯроҳои амнияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Виктор Маҳмудов ва Маҳмадалӣ Ватанзода тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабаргузории “УзА” иттилоъ медиҳад, ки зимни машварат масоили такмили механизмҳои амалии ҳамкориҳо дар самти муқовимати муштарак ба тахрибкорӣ ва ифротгароӣ, таъмини бехатарӣ дар сарҳад ва ҳимоя аз манфиатҳои иқтисодӣ дар марзҳои муштараки давлатӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои мутақобила изҳори омодагӣ карданд.

Дар мулоқот ташаббус ва тавсияҳо оид ба такмили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши таъмини амният баррасӣ ва аҳамияти нигаҳдории ҷараёни пурмаҳсули муносибатҳои дуҷониба, такони тоза бахшидан ба он аз ҳисоби имконоти назарраси истифоданашуда таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои машварат ба ғайр аз Тафоҳумномаи ҳамкории Шӯроҳои амният, инчунин санади тадбирҳои мушаххас чиҳати рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши бехатарӣ  ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.