РБДА: Ронандаи таксӣ 42 бор қоидаро вайрон карда, ҷарима напардохтааст

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро мунташир сохт, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷарима напардохтанд. «Рекордсмен»-и ин рӯйхат ронандаи HYUNDAI Elantra-и ҶДММ «Талко Персия» (рақами давлатӣ 5398тт05) бо 42 қоидавайронкунӣ мебошад.  Дар зинаи дуюм низ ронандаи ҶДММ «Талко Персия» бо автомашинаи TOYOTA Camry (госномер 8200тт05) бо 25 қоидавайронкунӣ зикр шудааст. Дар идомаи рӯйхат ронандаи автомашинаи Opel Astra, сокини […]

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро мунташир сохт, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷарима напардохтанд.

«Рекордсмен»-и ин рӯйхат ронандаи HYUNDAI Elantra-и ҶДММ «Талко Персия» (рақами давлатӣ 5398тт05) бо 42 қоидавайронкунӣ мебошад.  Дар зинаи дуюм низ ронандаи ҶДММ «Талко Персия» бо автомашинаи TOYOTA Camry (госномер 8200тт05) бо 25 қоидавайронкунӣ зикр шудааст.

Дар идомаи рӯйхат ронандаи автомашинаи Opel Astra, сокини пойтахт Мунира Иноятова бо 22 қоидавайронкунӣ ва ронандаи VOLKSWAGEN Crafter бо рақамҳои давлати 933тт05-и идораи автомобилии 2927 бо 19 қоидавайронкунӣ нишон дода шудаанд.

Ҳамчунин дар рӯйхат боз ному насаби 10 ронанда ба назар мерасад, ки аз 18 то 14 бор қоидаро вайрон карда, ҷарима напардохтанд.

Мувофиқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз замони мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 1 млн. нафар ба маблағи беш аз 120 млн. сомонӣ (зиёда аз 12,3 млн. доллар) ҷарима шудаанд.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз ронандагон талаб дорад, ки дар муҳлати муқарраршуда ҷаримаҳои маъмурӣ пардохт шаванд.

Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз 50 то 275 сомониро ташкил медиҳанд. Масалан, барои гузаштани роҳ дар ранги сурхи чароғак 250 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳтавассути воситаҳои махсуси наворгирии “Шаҳри бехатар” сабт шудааст. Лоиҳаи мазкур 31-уми октябри соли 2013 дар Душанбе мавриди амал қарор гирифт. Он замон дар 75 чорраҳа ва роҳҳои кӯчаҳои марказии пойтахт 855 камера насб шуд. Арзиши умумии лоиҳа 22 млн. доллар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.