Номи шахси ба низомиёни рус ҳамлакарда маълум шуд

Ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки тибқи қарордод адои хизмат мекунанд, дар шаҳри Бохтар гӯё “аз шахси рӯҳан бемор” захми корд бардоштаанд. Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, сокини ноҳияи Вахш Абдуллоев Аҳлиддини Файзиддиновичи 21-сола рӯзи 21 сентябр ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳамла кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии […]

Asia-Plus

Ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки тибқи қарордод адои хизмат мекунанд, дар шаҳри Бохтар гӯё “аз шахси рӯҳан бемор” захми корд бардоштаанд.

Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, сокини ноҳияи Вахш Абдуллоев Аҳлиддини Файзиддиновичи 21-сола рӯзи 21 сентябр ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳамла кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, низомиён дар вақти берун аз хизмат, ҳангоми суҳбат назди сартарошхона ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ҳамла алҳол маълум нест.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ кумаки зарурии тиббӣ расонида шудааст. Шахси ба низомиёни дарафтода боздошт гардидааст. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, гумонбар “дар рӯйхати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳии вилоят” мебошад.

Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, Аҳлиддин Абдуллоев аз соли 2006 доимо дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии вилоят муолиҷа мегирад.

Зикр гардид, ки айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.