Роҳхати футболбозони навраси тоҷик ба Чемпионати Осиё

Date:

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) чанде пеш дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими Урдунро бо ҳисоби 5 бар 2 мағлуб карда, зинаи аввалро дар гурӯҳи “А” соҳиб шуд ва ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ин мусобиқа аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд. Футболбозони мо 4 вохӯрӣ гузарониданд ва дар ҳамаи бозиҳо бо ҳисоби калон ғолиб гардида, 12 имтиёз ба даст оварданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифтанд.

Чор дастаи зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтарин байни гурӯҳҳо – Яман, Индонезия, Ӯзбекистон ва Уммон низ роҳхати Чемпионати Осиёро ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори чорум ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифтааст. Дастаи наврасони кишвар солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар ин мусобиқот ширкат варзиданд. Натиҷаи беҳтарини онҳо медали нуқраи соли 2018 дар Малайзия аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...