Пайвасти Коммерсбонк Тоҷикистон ба хизматрасонии интиқоли фаврӣ тариқи замимаи «Сбербанк Онлайн»

Коммерсбонки Тоҷикистон бо Сбербанк дар бораи ҳамкорӣ созишнома ба имзо расонид. Дар доираи ин созишнома хизматгузории интиқоли фаврӣ (лаҳзавӣ) аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» аз ҳисоби замимаи мобилии (бонкинги)  “Фаврӣ” аз Коммерсбонк Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Хизматгузорӣ дар бахши “Интиқоли маблағ ба хориҷа”-и замимаи «Сбербанк Онлайн» дастрас хоҳад буд. Зимни гузаронидан ба ҳисоби замимаи мобилии “Фаврӣ” […]

Иттилоияи расмӣ

Коммерсбонки Тоҷикистон бо Сбербанк дар бораи ҳамкорӣ созишнома ба имзо расонид. Дар доираи ин созишнома хизматгузории интиқоли фаврӣ (лаҳзавӣ) аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» аз ҳисоби замимаи мобилии (бонкинги)  “Фаврӣ” аз Коммерсбонк Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Хизматгузорӣ дар бахши “Интиқоли маблағ ба хориҷа”-и замимаи «Сбербанк Онлайн» дастрас хоҳад буд. Зимни гузаронидан ба ҳисоби замимаи мобилии “Фаврӣ” маблағи интиқол ба асъори миллӣ табдил меёбад.

Игор Мамонтов, ноиби президенти Сбербанк”, директори дивизиони “Пардохт ва интиқолҳо”:

“Мо ба рушди ҳамкорӣ бо шарикони хориҷиамон идома медиҳем. Хушнудем, ки хизматрасонии нави интиқол бо рақами телефонро аз Тоҷикистон пешниҳод кунем, ки ба боз ҳам интиқоли бароҳату зудтари пулҳо ва бухусус бо шароитҳои шаффоф аз рӯи комиссия имкон медиҳад”.

Эраҷ Раҷабов, муовини аввали раиси Раёсати Коммерсбонк Тоҷикистон:

“Мо барои ҳамватанонамон, ки барои пулкоркунӣ ба Русия мераванд,  ҷараёни интиқоли пулро ба оилаву хешовандонашон ба Тоҷикистон осон карданием. Бонки мо интиқолҳоро тариқи рақами телефон дар қаламрави кишварамон аллакай амалӣ карда, албатта, аз амалисозии низоми ба ин монанд барои интиқол аз Русия бо Сбербанк, аз ҷумла, дар бозори молиявии чакана, хурсандем”.

Бино ба маълумоти тадқиқотӣ, ба санаи 1 майи соли 2019 шумори тоҷикистониён дар Русия то ба 1 млн. 255 ҳазор нафар расидааст.

Корбарони замимаи мобилии “Фаврӣ” воситаҳои пулиро аллакай бо рақами телефон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқол дода метавонанд. Акнун зимни амалисозии лоиҳа бо Сбербанк ба ҳамин тарз аз Русия низ маблағ мегиранд, ки ҷараёни дастрас кардани пули интиқолшударо бамаротиб осонтар мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.