Наҷоти ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи русиягӣ дар кӯҳҳои Фон

Наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22-юми сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимоли кишвар анҷом доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда – А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22-юми сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимоли кишвар анҷом доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда – А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари вай хонум Л.И.Писарчуковскаяи 39-сола, сокини шаҳри Владикавкази Федератсияи Русия аз ҷониби сарвари ин гурӯҳ Константин Гарнага расидааст.

“Вай хабар дод, ки ду узви ин гурӯҳ бо мақсади дидани қаторкӯҳ рафтанд ва дар вақти муайяншуда иртибот накарданду ҳамоно тамос бо ин ду нафар вуҷуд надорад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ як гурӯҳи махсус  даст ба кор шуда, аз роҳе, ки онҳо оғоз карда буданд, фарози кӯҳ баромад.

“Корҳои наҷотбахшӣ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи урдугоҳи кӯҳнавардии “Артуч” сурат пазируфта, баъд аз 19 соати ҷустуҷӯ кӯҳгардони рус пайдо ва то ба урдугоҳашон оварда шуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ниёз ба ёрии тиббӣ надоранд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар ин амалиёт панҷ наҷотдиҳанда ва як техника ҷалб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.